Эътилофи зидди шиканҷа: Аловатшоевро пайдо карда наметавонем. ВКД мегӯяд, дар СИЗО аст
Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аз тақдири Амриддин Аловатшоев нигаронӣ карда, мегӯяд, вакили дифоъ дар ягон боздоштгоҳ ӯро пайдо карда наметавонад. Вале мақомот ин изҳоротро рад карда мегӯянд, Аловатшоев дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.