Норвегия ҳамчунон пешсафи Бозиҳои Олимпӣ дар Чин
Дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, ки дар Пекини Чин ҷараён доранд, баъди натиҷагирии сездаҳ рӯзи мусобиқот мунтахаби Норвегия бо касби 29 медал (14 тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо мисли пешин дар ҷойи аввал аст.