Беш аз 200 омӯзгори шаҳринавӣ ба муҳоҷират ба Русия рафтаанд
Мақомот дар ноҳияи Шаҳринав гуфтаанд, ки аз 322 омӯзгоре, ки соли гузашта тарки касб карда буданд, 214 нафари онҳо барои кор ба Русия рафтаанд.
Шаҳло Юлдошева, масъули бахши кадрии шуъбаи маорифи ин ноҳия ба нашрияи порлумонии “Садои мардум” гуфтааст, ки омӯзгорон маоши камро далели тарк кардани касбашон донистаанд.
Пештар мақомоти Хатлон гуфта буданд, ки беш аз ду ҳазор омӯзгор дар ин вилоят тарки кор кардаанд.
Маҳмадюсуф Имомзода, вазири собиқи маориф ва илм дар нишасти матбуотии рӯзи 3-юми феврал гуфта буд, ки тарки соҳа кардани омӯзгорон як чизи нав нест ва “набояд аз он фоҷеа сохт.”
Ин ҳарфи вазири собиқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садо ба по кард ва ӯро ба бетафовутӣ ба сарнавишти омӯзгорон танқид карданд.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон қариб 129 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд. Маоши як омӯзгор бо маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ то 1030 сомонӣ ё каме бештар аз 91 доллар муқаррар шудааст. Омӯзгоре ки тоза донишгоҳро хатм карда, ба мактаб меравад, 759 сомонӣ ё 67 доллар маош мегирад