"Сарбозшикор набуд." Чаро Назаралиевро дар фурудгоҳ "дастгир" карданд?
Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфт, навори боздошти як ҷавон дар назди Фурудгоҳи Душанбе "ба облава рабт надорад." Пайвандони Исмоил Назаралиев мегӯянд, хешовандони ҳамсараш талош кардаанд, ӯро дастгир кунанд. Тарафи дигар иддао дорад, ки мехостанд, домоди пешинро ба идораи пулис баранд.