Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб дар Бишкеки Қирғизистон дар гурӯҳи «В» ҷои дуюмро гирифт ва ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳи имсол дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ ёфт.