Ифтори пас аз пандемия дар масҷиди Имом
Ҳафтаи дуввуми моҳи Рамазон идома дорад. Барои мусалмонони тамоми дунё ин саввумин Рамазон дар давраи пандемия аст. Маркази Имом дар Амрико аввалин масҷиде аст, ки дар он мардум бидуни риояти маҳдудиятҳо намози дастаҷамъона мехонанду ифтор мекунанд.