Муфаттишони Русия рафтори бародаронро аз Тоҷикистон ду моҳи дигар таҳқиқ мекунанд
Додгоҳе дар Маскав тафтиши парвандаи бародарон аз Тоҷикистон Саидакрам ва Умарро, ки дар латукӯби ду маъмури пулиси Русия гумонбаранд, ду моҳи дигар дароз кард. Қарори додгоҳ охири ҳафтаи гузашта баромадааст. Мақомоти Русия ба айбдории онҳо таъкид доранд, вакилони дифоъ озодияшонро мехоҳанд.