"Фарзандони ҳукуматдоронро ба хидмати ватан мебаранд?" ВИДЕО
Шояд видеои доду фарёди ҷавонеро дида бошед, ки баъдан маълум шуд, хабарнигор асту ӯро аз маркази шаҳри Душанбе бардошта ба артиш бурданд. Мақомот гуфтанд, азбаски Шоҳрухи Исмоил даъватномаҳоро ба комиссариати ҳарбӣ нодида гирифту ба онҷо ҳозир нашуд, бар асоси қонун маҷбур бурданд.