Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Фавти яке аз осебдидагони сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и Бохтар

Яке аз осебдидагони сӯхтор дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Бохтар фавтидааст. Аз бахши эҳёи Бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Маҳмадӣ Сангов, ки дар ин ҳодиса беш аз 90 дарсади баданаш сӯхта буд, соати 4-и субҳи имруз ҷон бохт. 


Гуфта мешавад, ки Маҳмадӣ Сангови 50-сола сокини шаҳри Кӯлоб буда, дар бозори "Фаровон" дӯкон доштааст ва вақти баровардани бораш, балони газ кафида осеб дидааст.


Бозор шаби 1-уми июн оташ гирифт ва дар натиҷа 12 нафар осеб дида, соҳибкорони зиёде пулу дӯкону маҳсулоти худро аз даст доданд.


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 2-юми июн гуфт, сӯхтор ба далели "расиши кӯтоҳи ноқилӽо дар яке аз ошхонаҳои бозор" сар задааст. Қаблан баъзе аз шоҳидон фарзияи "оташ гирифтани балонҳои гази моеъ"-ро гуфта буданд. Айни замон Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ҳодисаро "пурра санҷиш мекунанд".


Бозори “Фаровон” дар маркази Бохтар бори аввал нест, ки оташ мегирад. Дар гузашта ҳам ин бозор ба сабаби риоят нашудани меъёрҳои амниятӣ як дафъа сӯхт ва садҳо соҳибкору тоҷир зиён дидаву муфлис шуданд.


Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.


Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *