Узбекистон аз неругоҳи "Роғун"-и Тоҷикистон барқ мехарад
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, раванди марҳила ба марҳила ба кор даровардани ҳамаи чархаҳои неругоҳи Роғун идома дорад.
Муҳлат, низоми интиқоли неруи барқ, ҳаҷм ва қимати он дар доираи созишномаи алоҳида баррасӣ мешавад. Созишномаи алоҳида, қарор аст, то охири сол баста шавад.
Муҳлати эҳтимолии амалисозии созишнома 10 солро дар бар мегирад, хабар доданд дар вазорати энержии Узбекистон.
Сохтмони садди неругоҳи Роғун моҳи октябри соли 2016 шуруъ шуд. Садди неругоҳ 335 метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин сад дар дунё ба ҳисоб меравад.