Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Медали биринҷии гуштигири ҷавони тоҷик дар Алмато

Асламҷон Азизов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, мураббии маъруфи қазоқ,  ки 2-юми июн дар шаҳри Алматои Қазоқистон оғоз ёфт, дар гуштии юнонию румӣ дар вазни 55 кило медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.



Ба иттилои манбаъ, Асламҷон, ки рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, аз намояндаи Эрон Пуё Дод Марз шикаст хӯрд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Ҳиндустон Арҷун Ҳалакуркӣ ғолиб омад.



Дар рӯзи аввали мусобиқа, ҳамчунин Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кило дар даври муқаддамотӣ варзишгари Қирғизистон Куттубек Абдукарим уулуро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Эрон Пуё Муҳаммад Носирпур ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи кишвари мизбон Ернур Фидахметов мағлуб шуда, дар натиҷа ҷои панҷумро гирифт.



Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 3-юми июн - се варзишгари дигари тоҷик - Шероз Очилов дар вазни 72 кг, Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни 77 кг ва Суҳроб Абдулҳаев дар вазни 82 кг – дар намуди гуштии

юнонию румӣ ба рақобат мепардозанд.


 Рӯзҳои 4-5-уми июн дар Алмато мусобиқа рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов оид ба гуштии озод баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин намуд чаҳор варзишгар - Шамсиддин Ибодов (61 кг), Комрон Холов (65 кг), Муборакшо Қурбонбеков (70 кг) ва Файз Файззода (97 кг) - муаррифӣ хоҳанд кард.



Ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон, дар Ҷоми Болат Турлихонов 275 варзишгар аз 15 кишвар иштирок доранд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *