Созишномаи пардохти нафақа ба шаҳрвандони Тоҷикистону Русия ба Дума рафт
Коршиносон мегӯянд, ки ин созишнома, пеш аз ҳама, барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, чун ҳар сол беш аз як миллион шаҳрванди ин кишвар бо ҳадафи кор ба Русия мераванд, вале садҳо ҳазори онҳо боз ҳам дар ҳолати ғайриқонунӣ кор мекунанд ваё талаботи пардохти андози иҷтимову нафақаро иҷро намекунанд.
Мақомоти Тоҷикистону Русия гуфтанд, ки ба нафақа он гурӯҳи шаҳрвандоне умед баста метавонанд, ки кори расмӣ мекунанду андози иҷтимоиро пардохт мекунанд.