Идомаи "амалиёт" дар Хоруғ. Ба Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазоров чӣ шуд?
Манобеъ дар шаҳри Хоруғ мегӯянд, рӯзи 12-уми июн дар маҳаллаи "Тирчид" ё УПД-и маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсус шуруъ шудааст. Мақомот расман дар ин бора чизе намегӯянд. Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ бо Бадахшон, дарёфти тафсилоти ҳодиса мушкил аст.