Хонаҳои сӯхтаи Исфараро таъмир мекунанд
Дар шаҳри Исфара ба сохтмону бозсозии биноҳое сар карданд, ки шаш моҳ пеш дар натиҷаи муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон осеб дидаанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони хонаҳо борҳо аз таъмир нашудани манзилҳои сӯхтаашон шикоят мекарданд.