Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Мунтахаби Узбекистон - ғолиби аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои занона

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии дастаи мунтахаби Узбекистон ба анҷом расид.


Дар даври ниҳоӣ ва ҳалкунанда мунтахаби Узбекистон бар тими Эрон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Мафтуна Шоимова дар дақиқаи 86-уми дидор ба самар расонид.


Дар бозии дигар мунтахаби Қирғизистон бар тими миллии Тоҷикистон ба ҳисоби 1:0 ғолиб омад.


Ба ин тартиб, тими мунтахаби бонувони Узбекистон, ки дар ҳамаи чаҳор бозиаш пирӯзӣ ба даст овард, бо касби 12 имтиёз аввалин барандаи мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид.


Медалҳои нуқра бо касби 9 имтиёз насиби бонувони Эрон шуд. Медалҳои биринҷиро мунтахаби Қирғизистон бо касби 4 имтиёз азони худ кард.


Мунтахаби Туркманистон бо касби 2 имтиёз чаҳорум ва тими миллии Тоҷикистон бо касби як имтиёз панҷум шуданд.


Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ҷоизаи «Fair Play»  насиби тими Эрон гардид. Ҷоизаи вижа ба дастаи Туркманистон супурда шуд.


Сартими мунтахаби Узбекистон Нилуфар Қудратова ҷоизаи арзишмандтарин бозигари мусобиқаро ба даст оварда, инчунин бо панҷ голи задааш беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.


Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона


 


Даври 5-ум


Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:1


Гол: Аяна Каратаева, 21.


Беҳтарин бозигари дидор: Аяна Каратаева (Қирғизистон).


20-уми июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.


 Узбекистон – Эрон – 1:0


Гол: Мафтуна Шоимова, 86.


Беҳтарин бозигари дидор: Нилуфар Қудратова (Узбекистон).


20-уми июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.


 


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа



 Ҷ


 ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ


Б


Ғ


М


Б


Т/Т


И


1


Узбекистон


4


4


0


0


20-0


12


2


Эрон


4


3


0


1


10-1


9


3


Қирғизистон


4


1


1


2


1-8


4


4


Туркманистон


4


0


2


2


1-11


2


5


Тоҷикистон


4


0


1


3


1-13


1

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *