Маоши кормандони давлатии Қирғизистон то 150 дарсад зиёд шуд
Ба огаҳии Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, маоши онҳое, ки дар вазоратхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ, воҳидҳои ҳудудии мақомоти давлатӣ ва шаҳрдорӣ кор мекунанд, аз 86,4% то 151,3% зиёд шудааст.
Барои намуна, агар мутахассиси пешбари як вазорат дар Қирғизистон то 1 август 21 ҳазор сом (ҳудуди 250 доллар) мегирифт, пас аз 1 август маоши ӯ 49 ҳазор сом хоҳад шуд.
Ин фармон маоши чи қадар кормандонро афзоиш додааст, гуфта намешавад.