Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳабсу зиндон барои ширкат дар консерти Эбӣ

Як фаъоли эрониро барои дидораш бо овозхони маъруф Эбӣ ба мӯҳлати се солу ҳафт моҳи зиндон маҳкум карданд. Амир Раисиён, вакили дифои Марям Каримбегӣ дар сӯҳбат бо вебсайти “Мадоро” рӯзи 1-уми август гуфт, ки додгоҳи инқилоби исломии шаҳри Теҳрон ахиран зерҳимояашро барои “таҷаммӯъ ва тавтеа ба хотири содир кардани ҷиноят алайҳи амнияти миллӣ” гунаҳор донист.


Ӯ инчунин ба мӯҳлати як сол барои “таблиғи ҷиноӣ алайҳи низом” ва як соли дигар барои  “нигаҳдошти машрубот” айбдор дониста шуд, ки илова ба ин ҷаримаву 74 шаллоқро пешбинӣ мекунад. Бар асоси қонунҳои Эрон, дар чунин ҳолат ҷазои сахттарин татбиқ мешавад. Каримбегӣ 14 июн боздошт шуд.


Исми ӯ чун ширкатдори намоишҳои эътирозии соли 2009 маъруф аст, чун дар паи норизоияти мардум аз натиҷаҳои баҳсабарангези интихоботи президентии июни он сол мақомот даст ба саркӯб заданд ва бародари ӯ Мустафо Каримбегӣ ҳам дар қатори даҳҳо эътирозгари дигар кушта шуд.


Каримбегӣ як дафъа навишт, ки ширкат дар консерти Эбӣ орзуи деринаи ӯ аст ва баъдан  овозхон шахсан ӯро  ба Туркия барои иштирок дар консерти ҳунариаш даъват кардааст. Мақомот баъдан акси ӯро бо Эбӣ, ки худи Каримбегӣ дар саҳифаи шабакаи иҷтимоиаш нашр кард, муқобили ӯ истифода карда гуфтанд, ки ӯ ба ҷиноят алайҳи манфиатҳои миллӣ  даст задааст.


Баъди қатли бародараш Мустафо дар 13 соли пеш Марям Каримбегӣ ва модараш Шаҳноз Акмалӣ ба мунаққидони бисёр сахти режими Эрон табдил шуданд. Апрели имсол ӯро аз таҳсил дар риштаи ҷомеашиносии Донишгоҳи Озоди Эрон хориҷ карданд. Модараш Шаҳноз Акмалӣ ҳам моҳи октябри соли 2019 ба як соли зиндон маҳкум ва аз ҳақи нашри мавод дар шабакаҳову  берун рафтан аз Эрон маҳрум шуд.  

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *