Кумитаи кор бо занон гуфт, аз ҳоли Улафатхонум Маҳмадшоева хабар надоранд
Ба қавли онҳо, эҳтимолан Маҳмадшоева, ки дар як навори телевизиони давлатӣ гӯё ба гуноҳҳояш иқрор шудааст, таҳти шиканҷаву фишор қарор дорад. Дар як нишасти матбуотии раҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилани назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 2-юми август хабарнигори Радиои Озодӣ аз раиси ин ниҳод Ҳилолбӣ Қурбонзода пурсид, ки оё аз ҳоли Улфатхонум Маҳмадшоева дар ҳабс дидан кардааст, чун мегӯянд, ки ӯ гӯё шиканҷа шудааст? Қурбонзода ба ин савол кӯтоҳ посухи рад дод ва гуфт, “не, ман бо Улфатшоева мулоқот надоштам, надидам”.
Дар як изҳороти додситонии кулли Тоҷикистон миёнаҳои моҳи июл гуфта шуд, ки таҳқиқи парвандаи Маҳмадшоева идома дорад. Ӯ яке аз даҳҳо фаъолонест, ки дар паи ноамниҳо дар моҳи май дар шаҳри Хоруғу Рӯшон боздошт шудааст. Дар паи эътирзҳои сокинон ва саркӯби он аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудааст.