Медали тилои Акмалиддин Каримов дар “Ҷоми Поягузорони самбо” дар Маскав
Акмалиддин Каримов, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми Поягузорони самбо”, ки рӯзҳои 10-11-уми сентябр дар Маркази ҳунарҳои размии шаҳри Маскави Русия баргузор шуд, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.