Истиқлоли Тоҷикистон аз нигоҳи тоҷикони Амрико
Гурӯҳе аз тоҷикони муқими Амрико рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Филаделфияи аёлати Пенсилванияи ҷашни истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил карданд.
Тоҷикистон 31-сол пеш, дар рӯзи 9-уми сентябр, аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуд ва истиқлоли худро эълон кард.
Далер Ғуфронов, рӯзноманигори муқими Филаделфия ва яке аз ташкилкунандагони ин маҳфил мегӯяд, баргузории ҷашни Истиқлол барои насли нави тоҷикони ин кишвар аҳамияти муҳим дорад ва онҳоро ба дарки бештари худшиносии миллӣ мерасонад. Ба гуфтаи Далер, намояндагони аксар кишварҳои узви собиқ Шӯравӣ сар аз моҳи август дар аксар шаҳрҳои Амрико истиқлоли кишвари худро истиқбол гирифтанд ва бо ин васила аз фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии хеш ба ҷаҳониён дарак доданд. “Агар як сабаби баргузории ин ҷашн қафо намондан аз намояндагони кишварҳои ҳамҷавор бошад, омили дигар муттаҳид сохтани ҷамъияти тоҷикон аст, ки дар натиҷаи шинохти беҳтар аз ҳамдигар мушкилоти кору зиндагашонро дар кишвари муҳоҷират ҳал мекунанд,”—гуфт ӯ.
Абдураҳими Умариён, узви фаъоли ҷамъияти тоҷикони Амрико бар он назар аст, ки баргузории ҷашнҳои миллӣ дар Амрико насли навро, ки дар зери таъсири забон ва фарҳанги амрикоӣ бузург мешаванд, ба асолат, фарҳанг ва тамаддуни худ пайванд месозад. “Ман шахсан даҳҳо оилаи тоҷикро мешиносам, ки фарзандонашон умуман забони модарии худро намедонанд. Аксарият дар сатҳи чанд ҷумлаи кучаву бозор муошират мекунанд, аз Тоҷикистон камтарин шинохте надоранд, дар бораи фарҳангу таърих ва гузаштаи худ бошад, ҷойи гап нест. Пас аз баргузории ин гуна маҳфилу ҷашнҳо дар гузашта бисёре аз волидонро дидем, ки барои таълими худшиносӣ ва таърихи ниёкон ба фарзандонашон тасмимҳои ҷиддиеро руйи даст гирифтанд.”
Мужда Назриева, узви дигари ҷамъияти тоҷикони Ню Йорк мегӯяд, сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодиву иҷтимоӣ ҷашни истиқлолро дар баробари иди Наврӯз муқаддас медонад ва ҳамасола барои дар сатҳи олӣ баргузор карданӣ он талош меварзад.
Ӯ меафзояд: “Вақте аз ман мепурсанд, ту аз куҷоӣ ва ман метавонам посух диҳам, ки аз Тоҷикистон ва ҳар касе метавонад кишвари маро аз харитаи олам пайдо кунад, ҳамин Истиқлол аст. Вақте духтарон имкону шароит ва ҳуқуқи таҳсилро доранду касе онҳоро дар хурдсолӣ хариду фуруш намекунад, вақте дар ҳар хонаи ҳамватанон суботу оромиш аст ва тарсе ҳам аз он нест, ки кадом як роҳзане манзили туро ба зур кашида бигирад, вақте дар хориҷ ҳастиву медонӣ, ки ҳар замон бе тарсу ҳарос имкони сафар ба Ватанро дорӣ ва онҷо суботу оромист беҳтарин Истиқлол аст.”
Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли худро эълон кард ва пас аз соле ба ҷанги дохилии панҷсола кашида шуд. Бархе аз сокинон дар дохили Тоҷикистон мегӯянд, дар замони истиқлол кишвар ба дасти як хонавода афтод, ки озодии сокинонро маҳдуд ва озодандешонро саркуб мекунанд.