Нурулло Алиев размикори аввалини тоҷик, ки ба UFC дохил шуд
Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои размии омехта (ММА), дар қувваозмоӣ барои бастани шартнома бо UFC (Ultimate Fighting Championship), ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд.