Politico: Амрико ҳавопаймоҳои баҳсиро ба Тоҷикистону Узбекистон медиҳад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим дорад, дар ивази кумак дар мубориза зидди терроризм дар Афғонистон ба Тоҷикистону Узбекистон қариб 50 чархболу ҳавопаймои низомӣ тақдим кунад. Дар ин бора нашрияи Politico бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.