Аз сангу чӯб то танку дрон. Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз нигоҳи коршиносон
14-17-уми сентябр тақрибан дар тамоми марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии ҷиддии низомӣ ба вуқуъ пайваст. Ҷонибҳои даргир аз оғози низоъ ҳамдигарро масъули асосии он донистанд ва дар мавриди таҷовуз ва ҳуҷум ба қаламрави худ шикоятҳои монанд карданд.