Зиндони пурзӯр ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима. Ҷузъиёти ҳукми Далери Имомалӣ
Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти ҳукми Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори тоҷикро ба даст овард. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 17 октябр ин рӯзноманигорро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ба ҷуз аз ҳукми зиндон дигар ҷузъиёти ҳукми додгоҳ рӯшан набуд.