Ҷияни Назарбоев дар хориҷа ба маблағи $230 млн ҷавоҳирот доштааст
Оҷонси мубориза бо фасод дар Қазоқистон хабар дода, ки дар доираи парвандаи Кайрат Сатибалдӣ, ҷияни президенти пешин Нурсултон Назарбоев ба маблағи 230 миллион доллар ҷавоҳирот аз хориҷ ба ин кишвар баргардонида шудааст.