CPJ ҳукми Ҷумъаев ва Мамадшоеваро "даҳшатнок" хонд
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз зиндонӣ шудани рӯзноманигор Улфатхонум Мамадшоева ва блогер Хушрӯз Ҷумъаев нигаронӣ карда, ҳукми онҳоро “ваҳшатнок” хонд. Ин Кумита дар изҳороте аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки рӯзноманигоронро фавран озод карда, таъқиби намояндагони ВАО-ро қатъ кунад.