Медали тилои паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон
Мирзод Сӯфиев, паҳлавони тоҷик, дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии курес (кураш)-и қазоқӣ, ки дар Қасри Жақсилик Ушкемпирови шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, ҷараён дорад, медали тило ба даст овард.