Камбуди газу барқ дар Узбекистон сабаби эътироз шуд
Бино ба гузориши бахши узбекии Радиои Озодӣ, Узбекистон дар ҳолати бӯҳрони энержӣ қарор дорад. Бо расидани сармову барф, дар бисёре аз гушаҳои кишвар гази корхонаҳоро қатъ кардаанд, то аҳолиро таъмин намоянд. Бинобар ин корхонаҳои зиёде ё ба кор бо ангишт гузаштаанд ё бекор мондаанд.