Тими мунтахаби рамзии Осиё дар соли 2022 аз рӯи фарзияи IFFHS эълон шуд
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) аз рӯи фарзияи худ тими мунтахаби рамзии беҳтарин бозигарони Осиёро дар соли 2022 эълон кард, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ташкилот.
Ба иттилои манбаъ, ба ин рӯйхат футболбозони тимҳои миллии панҷ кишвар - Ҷопон (4 бозигар), Кореяи Ҷанубӣ (3), Арабистони Саудӣ (2), Австралия (1) ва Эрон (1) – дохил шуданд.
Зимнан, дастаҳои мунтахаби ин панҷ кишвар соли гузашта дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар иштирок карда буданд.
Дастаи мунтахаби рамзии беҳтарин бозигарони Осиё дар соли 2022 аз рӯи фарзияи IFFHS:
Дарвозабон: Сюити Гонда (Ҷопон).
Ҳимоятгарон: Ким Мин-Ҷэ (Кореяи Ҷанубӣ), Мая Ёсида (Ҷопон) ва Азиз Бехич (Австралия).
Нимҳимоятгарон: Такуми Минамино ва Даити Камада ( ҳар ду аз Ҷопон), Салмон Ал-Фараж (Арабистони Саудӣ) ва Хван Хи-Чхан (Кореяи Ҷанубӣ).
Ҳамлагарон: Салим А-Довсарӣ (Арабистони Саудӣ), Меҳдӣ Торимӣ (Эрон) ва Сон Хин Мин (Кореяи Ҷанубӣ).