Замонаи "ҳай бале!" ва "оқибатандешӣ"-и матбуоти Тоҷикистон
Солҳои пеш асосан дар ростои интихобот матбуот ва журналистон зери фишор меафтоданд. То интихобот ҳоло вақт зиёд аст, вале озодии баён дар расонаҳо то рафт тангтар мешавад ва ҳабсу ба солҳои зиёд маҳкум кардани хабарнигорони озод идома дорад.