Нақшаҳои Толибон: Ҳамкории байнулмилалӣ ё гапе барои дохил? ВИДЕО
Ҳукумати Толибон дар Афғонистон мақсад дорад, бо ширкати Покистон, Русия ва Эрон консорсиуми тавлиди нерӯи барқ ва муассисаҳои зербиноиро таъсис диҳад. Сарпарасти вазорати тиҷорати ҳукумати Толибон Нуриддин Азизӣ мегӯяд, ба иҷрои ин барномаи дарозмуддат миллионҳо доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд.