"Фаврӣ ва бе ягон шарт". Аз ҳукумат озодии Холиқназаровро хостанд
Ҳафт созмони байнулмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳуқуқдон Манучеҳр Холиқназаровро фаврӣ ва бе ягон шарт аз зиндон озод кунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба гуноҳи "ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷиноӣ ва мамнуъ" ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Худаш иттиҳомҳоро напазируфтааст.