Фоҷиаи "Титан" дар назди киштии "Титаник". ВИДЕО
Фармондеҳони Горди соҳилии Амрико хабар доданд, ки сарнавишти панҷ сарнишини киштии "Титан" бо фоҷиа анҷом ёфтааст. Бо ин хабар ҷустуҷӯйи байнулмилалии сафинаи хурди зериобӣ, ки ба дидани “Титаник” рафта буд, ба поён расид. Як роботи зеридарёӣ рӯзи 22-юми июн пораҳои онро пайдо кард.