Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Ваҳдатро табрик гуфт, аммо аз мухолифин ёд наовард
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ, мардумро дигарбора ба сарҷамъӣ ва эмин нигаҳ доштани кишвар аз нооромӣ даъват кардааст.
Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 26-уми июн нашр кард, омадааст, "тазодҳои замони муосир, зуҳури ғояҳои хатарбор... моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем."
Оқои Раҳмон дар ин паёмаш аз тарафи дигари сулҳ, Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон ёд накард.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро ба хотири он ҷашн мегиранд, ки 27-уми июни соли 1997 тарафҳои даргир дар ҷанги Тоҷикистон, ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифин бо имзои созишномаи сулҳ ба ҷанги харобиовари панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима доданд. Аммо бо гузашти даҳсолаҳо аз он рӯз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, мухолифони давлатро аз саҳна ронд ва солҳои ахир барои таҳаммул накардани дигарандешӣ, беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон танқид мешавад.