Сарсон шудани даҳҳо зоири қазоқистонӣ дар Саудӣ
Наздики 120 ҳоҷии қазоқистонӣ, ки миёнашон занону пиронсолон низ ҳастанд, дар Арабистони Саудӣ бе сарпаноҳ ва кӯмак мондаанд.
Ба навиштаи расонаҳо, ин афрод тавассути ширкати "Zam-Zam Qazaqstan" ба Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷ рафта, вале ба далели нодурустии санадҳояшон аз сӯи мақомоти Макка барояшон монеа эҷод шудааст.
Дар Идораи маънавии мусалмонони Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, пештар шаҳрвандонро огоҳ карда буданд, ки ширкати "Zam-Zam Qazaqstan" ҳаққи ба зиёрат бурдани шаҳрвандонро надорад.
Идораи мусалмонони Қазоқистон гуфт, аз мақомоти қудратӣ хостаанд, ки фаъолияти ширкати мазкурро санҷанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ҳоҷиҳои "фиребхӯрда" аз сӯи мақомоти Арабистони Саудӣ боздошт ва дар наздикии шаҳри Ҷидда нигаҳдорӣ мешаванд.
Пештар Идораи мусалмонони Қазоқистон хабар дода буд, ки имсол 4 ҳазор шаҳрванд метавонанд аз ин кишвар ба зиёрати Маккаву Мадина раванд.