Ҳалокати 4 сарбози покистонӣ дар Балучистон
Артиши Покистон мегӯяд, ки дар ҳамлаи ниманизомиён ба як пойгоҳи низомӣ дар Балучистон дастикам чаҳор сарбози покистонӣ кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳамла шаби сешанбе гузашта дар минтақаи паштуннишини Жоб рух додааст. Артиши Покистон бо нашри эъломияе рузи чаҳоршанбе гуфт, ки дар ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои амниятӣ, дастикам се ҳамлавар кушта шуданд.
Пеш аз ин Муҳаммадазим Кокар, раиси ноҳияи Жоб ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки афроди мусаллаҳ нимашаб ба пойгоҳи низомӣ ҳамла карданд, ки пас аз он нерӯҳои амниятӣ ҳамлаи ҷавобиро оғоз карданд. Ба гуфтаи Муҳаммадазим Кокар, даргирӣ чанд соат идома кард.
Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гузориш дода буд, ки як гурӯҳи тундрави мусаллаҳ бо номи "Таҳрики ҷиҳоди Покистон", ки ахиран таъсис шудааст, бо нашри эъломияе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт, аммо ҷузъиёти бештаре ироа накард.
Пеш аз ин дар дувуми июл Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар пойгоҳи Шеронӣ дар Балучистонро ба ӯҳда гирифта буд. Дар ин ҳамла се пулис ва як марзбони Покистон кушта шуда буданд.