Ду шаҳрванди Узбекистонро аз ғуломӣ дар Русия наҷот додаанд
Пулиси кишвари Ставрополи Русия ду узбекистониеро озод кардааст, ки як сокини маҳаллӣ онҳоро давоми 6 моҳ ҳамчун ғулом истифода мебурд.
Як нафақахӯр дар ҳавзаи Шпаковои Ставропол ва ду дӯсти вай - яке 31 ва дигарӣ 52-сола охири соли 2022 тасмим гирифтанд, ки барои худ дастёр пайдо кунанд.
Онҳо ба нафаре, ки шахсияташ ҳоло муайян нашудааст, тамос гирифта ва дар ивази 20 ҳазор рубл - муодили 200 доллари ИМА - ду шаҳрванди Узбекистонро хариданд. Инҳо марди 31-сола ва зани 27-сола ҳастанд, ки барои кор ба Русия рафта буданд. Шаш моҳ онҳо дар ҳавлаии марди нафақахӯр кор кардаанд.
Нисбати нафақахӯр бо моддаи "Ғайриқонунӣ маҳрум кардани одам аз озодӣ" ва "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" парванда боз шудааст.
Нафақахӯрро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.