Вакили пешини қирғиз ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам шуд
![Вакили пешини қирғиз ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам шуд](https://gdb.rferl.org/FC47A621-2469-4C0F-AC57-4A864CA753EC_cx0_cy23_cw0_w800_h450.jpg)
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) 10-уми октябр боздошти вакили пешини порлумон ва молики бозори "Мадина"-и шаҳри Бишкек Турсунбой Салимовро шарҳ дод. КДАМ гуфт, ки Салимов дар "Ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва ё иштирок дар он" айбдор мешавад.