СҶТ ва ЮНИСЕФ: Ғазза дар остонаи фоҷеа қарор дорад
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки ба далели қатъи комили барқу хадамоти алоқа дар навори Ғазза тамосро бо кормандонаш аз даст додааст.
"Мо ба ҳамаи ҷонибҳои даргир ёдрас мекунем, ки барои ҳифзи сокинони осоишта ва зерсохторҳои шаҳрвандӣ бояд чораҷӯӣ кунанд. Пеш аз ҳама барои ҳифзи кормандони тиббӣ, беморон, муассисаҳои пизишкӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ, инчунин дигар сокинони осоишта, ки дар муассисаҳои мазкур паноҳ бурдаанд", - омадааст дар хабарномаи СҶТ.
Созмони мазкур мегӯяд, беморхонаҳо дар навори Ғазза бештар аз имконоти худ фаъолият доранд ва "наметавонанд, теъдоди беморони бештарро қабул кунанд ва ҳамзамон сокинони осоиштаро паноҳ диҳанд".
СҶТ меафзояд, созмонҳои байналхалқӣ наметавонанд, талаботи сокинони навори Ғаззаро ба тандурустӣ қонеъ кунанд.
"Ин фоҷеа болои фоҷиа аст. Талабот ба ҳифзи тандурустӣ меафзояд, имконоти мо барои қонеъ кардани ин талабот кам мешавад", - гуфт Рик Бреннан, сардори раёсати минтақаии ҳолатҳои фавқулодаи СҶТ.
Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҳам гуфт, Ғазза дар остонаи фоҷеа қарор дорад. Дар Ғазза об намерасад ва ин метавонад, боиси фоҷеа гардад. Дар ин бора Кэтрин Рассел, роҳбари ЮНИСЕФ дар Шӯрои амнияти СММ изҳори назар кардааст. Вай илова кардааст, ки беобӣ наздики 2 млн сокини навори Ғаззаро таҳдид мекунад ва низоми обёрии Ғазза тахриб шудааст.
Низомиҳои Исроил гуфтанд, дар ду рӯзи охир ба бештар аз 600 мавзеъ дар Ғазза зарба задаанд, аз ҷумла ба он мавзеҳое, ки сокинони осоишта ба сӯзишворӣ, ғизо ва оби ошомиданӣ ниёз доранд.