Президенти Португалия порлумонро пароканда кард
Президенти Португалия Марселу Ребелу де Соуза эълом кард, ки баъди истеъфои сарвазир Антониу Кошта порлумонро пароканда мекунад.
Интихоботи нави порлумонӣ дар он кишвар 10 март барпо хоҳад шуд. То он замон Кошта иҷрокунандаи вазифаи сарвазир хоҳад буд.
Баъди ду рӯзи истеъфои Кошта порлумонро пароканда карданд. Рӯзи 7 ноябр дар Португалия кофтукоб ва панҷ тан, аз ҷумла роҳбари дастгоҳи Коштаро дар доираи парвандаи фасодкорӣ боздошт карданд. Парвандаи ҷиноӣ ба канданиҳои фоиданок ва сохтани корхона марбут буд. Додситонии Португалия муайян кардааст, ки "гумонбарон аз номи сарвазир сӯистифода кардаанд".
Ҳамон рӯз Кошта гуфт, ки дар ин кор даст надорад, вале мансаби вай набояд доғдор шавад. Ба ин далел, вай истеъфояшро эълом кард. Кошта аз соли 2015 сарвазир буд.