Қазоқистон ба як фаъоли қарақалпоқистонӣ паноҳандагӣ надод
Мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагии фаъоли қарақалпоқистонӣ Тлеубик Юлдошеваро рад карданд.
Дар ин бора Юлдошева пушти дари мақомоти вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ба расонаҳо хабар дод.
"Бо такя ба конвенсияҳои худ рад карданд. Ба ман фаҳмониданд, ки метавонам ба додгоҳ шикоят кунам. Ман ба додгоҳ муроҷиат хоҳам кард", - гуфт вай.
Вай бори дигар аз мақомоти Қазоқистон хост, ки ӯро ба Узбекистон надиҳанд. Юлдошева мегӯяд, ӯро дар Узбекистон шиканҷа ва таҳқир хоҳанд кард.
Юлдошева рӯзи 13 ноябри соли 2022 аз сӯи кормандони Хадамоти марзбонии Қазоқистон боздошт шуд. Ӯро ҳангоми сафар ба Русия дар гузаргоҳи марзии вилояти Оқтеппа боздошт карда буданд.
Юлдошева муддате дар ҳабс буд ва эҳтимол дошт, ӯро ба Узбекистон истирдод кунанд. Вай дертар аз ҳабс озод шуд, аммо масъалаи будубошаш дар Қазоқистон ҳамоно ҳал нашудааст.