Исроил гуфт, дар таҳхонаи идораи СММ дар Ғазза нақби "Ҳамос"-ро ошкор кард
Артиши Исроил эълон кард, ки дар зери бинои қароргоҳи Оҷонсии СММ дар умури кӯмак ба паноҳандаҳои фаластинӣ дар Ғазза нақби гуруҳи тундрави "Ҳамос"-ро ошкор кардааст. Дар он ба иддаои Исроил маркази иктишофии ҲАМОС ҷойгир буд. Оҷонсии СММ (UNRWA) гуфтааст, аз вуҷуди ин нақб хабар надошт.