Наздиконаш гуфтанд, ҷасади Сафияхон дар Узбекистон "ёфт шудааст"
Пайвандонаш гуфтанд, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола аз Хуҷанд, ки ба бовари онҳо дар дарёи Сир ғарқ шуда буд, дар ҳудуди Узбекистон ёфт шудааст. Дар Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд.