Зиндонии собиқ ба ҳамтақдиронаш кор медиҳад
Дар вилояти Хатлон гуруҳе аз зиндониёне ҳастанд, ки баъди раҳоӣ аз муассисаи ислоҳӣ иқболашон баландӣ кардааст ва соҳиби коре шудаанд. Давлаталӣ Мӯъминов яке аз онҳост ва тавонистааст, баъди берун омадан аз паси панҷара ба зиндагиаш сару сомон бахшад ва ба дигарон ҳам дасти ёрӣ дароз кунад.