Задухӯрд дар марзи Афғонистону Покистон: чанд нафар кушта шуд
Полиси нирӯҳои марзбонии Афғонистон ва нирӯҳои ниманизомии ҳукумати Покистон дар наздикии қитъаи баҳсии марзи ду кишвар вориди задухӯрд шуданд ва дар натиҷа, аз ҳарду ҷониб чанд нафар кушта ва захмӣ шуд. Нирӯҳои ниманизомии Покистон масъулияти таъмини амният дар марзро ба ӯҳда доранд. Мақомоти амниятии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳодисае, ки рӯзи 15 апрел дар ноҳияи Ҷоҷимайдони вилояти шарқии Хусти Афғонистон рух дод, ду афсари полиси Афғонистон ва шаш сарбози покистонӣ кушта шуданд. Читать дальше...