Ҳабси Муҳаммад Шарифзода аз Тоҷикистон дар пайванд ба ҳамла дар Русия
Мақомоти Русия як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар пайванд ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав ба ҳабс гирифтанд.
Мақомоти Русия як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар пайванд ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав ба ҳабс гирифтанд.
Шахсони наздик ба хонаводаи Лутфуллои Назримад, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус"-и Маскав гуфтанд, ки ӯ тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтааст. Мақомоти Русия ӯро рӯзи 28-уми март ба ҳабс гирифтанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳеч вокуниш накардааст.
Шодӣ Ҳафиззода, сардори собиқи Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ (УБОП), раиси Дастгоҳи ВКД таъин шудааст. Ин генерали 43-сола аз наздикони вазир Рамазон Раҳимзода аст.
Бо гузашти ду ҳафта аз ҳамлаи маргбор дар Крокус сӯҳбатҳо атрофи он ва ҳамчунин нигарониҳо аз паёмади ин ҳодиса кам нашудааст. Бархеҳо мегӯянд, аз тақдири норушани муҳоҷирони меҳнатӣ, боздошту ихроҷи онҳо, ки аз ягона манбаи даромад маҳрум мемонанд, хавотиранд.
Муфтии Маскав мегӯяд, намози Ид дар Маскав бе маҳдудият аст; гирифтани патенти кор дар Русия душвор шуд; нигаронии тоҷикон баъди ҳамла дар толори консертии Русия.
Баъд аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус” ҷараёни додани патент ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бисёр суст шудааст. Дар марказҳои хидматрасонӣ ба муҳоҷирон навбатҳои дароз мушоҳида мешаванд. Баъзеҳо барои гирифтани иҷозаи кор ҳафтаҳо интизор мондаанд.
Шахсони наздик ба хонаводаи Лутфуллои Назримад, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав гуфтанд, ки ӯ тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, дар ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафт. Мақомоти Русия ӯро рӯзи 28-уми март ба ҳабс гирифтанд.
Ширкати “Вагнер” ба раҳбарии фармондеҳи нав Антон Елизаров аз моҳи феврали имсол ҷалби зархаридонро барои интиқол ба кишварҳои Африқо оғоз кардааст.
Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ, ки аз 6-уми апрел то 10-уми ноябр доир мегардад, 12 даста иштирок мекунад.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл", воқеъ дар Красногорски Русия, рӯзи 22-юми март сабаби марги 144 нафар шуд. Масъулияти онро гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба дӯш гирифт. Ин созмон дар аксар кишварҳои дунё террористӣ эътироф шудааст.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 20-22-юми апрел дар Ҳонконг доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.
Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар моҳи июли имсол дар Қазоқистон размоиши муштараки низомӣ бо номи “Иттиҳод-2024” баргузор мекунанд.
Ҳукумати Гурҷистон ба дархости президенти он кишвар Саломе Зурабишвилӣ дар бораи сафар ба Вилнюс посухи рад дод.
Расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам дар бораи ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар Маскав мақолаву таҳлил менависанду мегӯянд, ки чаро чунин ҳодиса иттифоқ уфтод. Мо чанде аз ин нашрияву сомонаҳо, инчунин, расонаҳои мустақили Русияро варақ задем ва матолиби онро барои Шумо хулоса кардем.
Расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам дар бораи ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар Маскав мақолаву таҳлил менависанду мегӯянд, ки чаро чунин ҳодиса иттифоқ уфтод. Мо чанде аз ин нашрияву сомонаҳои хабариву таҳлилӣ ва расонаҳои мустақили Русияро варақ задем ва матолиби онро барои Шумо хулоса кардем.
Мақомоти махсуси Узбекистон дар ибтидои соли 2022 чаҳор касро бо айби "тарҳрезии ҳамла дар чанд макон дар шаҳри Тошканд" боздошт карда буданд. Додгоҳ онҳоро аз 10 то 15 сол зиндон карда буд.
Як зодаи Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи Русияро дошт, ба иттиҳоми саркашӣ аз хидмат аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум карда шудааст.
Наҷотдиҳандагон дар Тайван даҳҳо сокинро аз зери харобаҳо берун оварданд. На камтар аз 9 кас кушта, бештар аз 1000 тан маҷруҳ шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии қазоқистонӣ Qazaq Air рӯзи чаҳоршанбеи 3 апрел хабар дод, ки шуруъ аз 5 апрел барои муҳлати номуайяне парвозҳояшро аз Оқтеппа ба Қазони Русия қатъ мекунад.