Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

HRW: Нуъмонҷон Шарипов дар Тоҷикистон бо шиканҷа рӯбарӯст

Созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкӣ бо пахши баёнияе аз эҳтимоли шиканҷа шудани Нуъмонҷон Шарипов, узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар ватан хабар доданд. Ин ду созмон рӯзи 21-уми феврал гуфтанд, ки мақомоти Туркия Шариповро бидуни қарори додгоҳ ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд.


Як рӯз пеш аз ин изҳорот, нафаре, ки худро Нуъмонҷон Шарипов муаррифӣ кард, бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва гуфт, ихтиёрӣ ба ватан баргашта, дар озодӣ аст.


Аммо созмони Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, Шарипов рӯзи 5-уми феврал аз тарафи нирӯҳои Туркия боздошт ва баъди 11 рӯзаш ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Ин созмон ба нақл аз наздикони Нуъмонҷон Шарипов гуфтааст, феълан ӯ дар Душанбе дар боздошт қарор дорад.


Стив Свердлов, пажӯҳишагри Human Rights Watch, рӯзи 21-уми феврал гуфт, Нуъмонҷон Шарипов барои ақидаҳои сиёсии худ дар Тоҷикистон бо бадрафторӣ ва маҳрумият аз озодӣ рӯбарӯст.


Созмони Ҳюман Райтс Вотч Нуъмонҷон Шарипови 55-соларо яке аз аъзои баландмақоми ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд муаррифӣ кардааст. Ин ҳизб соли 2015 бо қарори Додгоҳи олӣ мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо узв ва тарафдори ҳизб боздошт ва бархеи онҳо зиндонӣ шуданд. Аз ҷумла, ду муовини раиси ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум гардиданд.


Созмони Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи Ҳелсинкӣ Тоҷикистонро барои боздошту шиканҷа ва зиндонӣ кардани фаъолони сиёсӣ, аъзои ҲНИТ ва вакилони дифоъ дар се соли ахир муттаҳам кардаанд. Ин созмонҳо аз шарикони Тоҷикистон хостаанд, то аз Душанбе талаб кунанд, ки ба шиканҷа ва муҳокимаи фаъолони сиёсӣ хотима диҳад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *