Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Февраль
2018

Новости за 21.02.2018

Ozodi.org 

"Дуредгар шеъру оҳанг эҷод мекунад... каланд месозад"

Дар Тоҷикистон беш аз сад номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ аз пардохти андоз комилан озод шуданд. Мардуми мо маҳсулоти косибони худамонро аз Чин фарқ мекунанд. Чунки моли чинӣ сунъӣ аст ва таровату зебоии моли аслиро надорад. Аммо анвои зиёди маҳсулоти косибӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки аз Узбакистон ба бозорҳои мо ворид мешаванд,  сифати хуб дошта, нисбатан арзон ҳастанд Адрасбофию шероздӯзӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ ва наю рубобсозӣ аз ҷумлаи 104 номгӯи ҳунару касбҳое шуданд, ки аз пардохти молиёт озод шуданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Соҳибкоронро аз пардохти андози пеш аз муҳлат озод карданд

Дар Исфара аз нозирони андоз хоста шудааст, ки пеш аз муҳлат дари корхона ё ширкатеро накӯбанд ва молиёти моҳ ё соли ояндаро талаб накунанд. Соҳибкорони тоҷик чанд сол боз аз пешпардохти андоз ранҷ мебаранд.

Ozodi.org 

Маъвизагӯи телевизионӣ дар синни 99-солагӣ даргузашт

Билли Грэм маъвизагӯи машҳури телевизионӣ, ки мушовири бисёр сиёсатмадорон ва раисони ҷумҳури Амрико буд, рӯзи 21 феврал дар синни 99-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора намояндаи расмии Грэм хабар дод. Билли Грэм, ки аз ҷаззобияти хосе бархурдор буд, миллионҳо мухлис дошт ва аз чеҳраҳои бисёр бонуфӯз ба шумор меомад. Ӯ ҳангоми маъвизахонӣ рӯи саҳна ҳаракат мекард, китоби Инҷилро баланд мебардошт ва Исои Масеҳро ҳалли мушкили исноният меномид. Ҳамчун мавизагӯи инҷилӣ, Грэм эҳтимол бузургтарин теъдоди шунавандагонро дар ихтиёр дошт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Охирин омодагиҳо ба ифтитоҳи роҳи Амузанг - Хатлон. ВИДЕО

Ба истгоҳи Хушодӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон тақрибан 10 сол боз ҳеч қаторе аз Узбкистон наомадааст. Аммо ҳамакнун истгоҳро барои истиқболи қатори деринтизори мусофирбар аз кишвари ҳамсоя омода мекунанд.

Ozodi.org 

Роҳи ҷанҷолии Тоҷикистону Узбекистон боз мешавад

Дар Тоҷикистон барои боз шудани роҳе омодагӣ мегиранд, ки 8 сол пеш баста шуд ва Хатлону мардумашро ба мушкилоти зиёде гирифтор кард. Роҳи Амузанг-Хатлон мумкин аст, моҳи март дигарбора боз шавад.

Ozodi.org 

Republic: Теъдоди ҷангиёни "Вагнер" дар Сурия 3602 нафар аст

То моҳи феврали соли равон теъдоди ҷангиёни кирояи рус дар ширкати хусусии низомии "Вагнер" 3602 нафар буд. Дар ин бора сомонаи Republic рӯзи 21-уми феврал бо такя ба манбаъҳояш хабар дод. Маълум нест, ки аз ин теъдод чанд нафар кушта шуд. Аммо матбуот хисороти "Вагнер"-ро аз даҳҳо то садҳо нафар ҳисоб мекунад.  Харҷи молии ин ширкати низомии хусусӣ дар ду соли ахир, ба гуфтаи Republic, беш аз 16 миллион рубл буд. Ба ин маблағ маоши ҷангиҳо, ҷуброни хисороти ҷисмонӣ, кумакҳои молӣ ба хонаводаи қурбониён... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон ба 12 низомии тоҷик рутбаи генералӣ дод

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал ба муносибати 25-уми солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба гурӯҳе аз низомиёни кишвар рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ дод. Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал таъсисёбии Артиши миллии худро таҷлил мекунад. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бар пояи фармони Эмомалӣ Раҳмон, ба 12 нафар аз низомиёни кишвар рутбаи генералӣ дода шуд. Аз ҷумла ба вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва муовини раиси КДАМ ва ҳамзамон фармондеҳи нерӯҳои марзбонии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 21-уми феврали 2018 (HD)

Куштор баъди намоз дар Кӯлоб, посухи вазири маориф ба онҳое, ки забондонии ӯро зери шубҳа гузоштаанд, таҳқиқи худкушии донишҷӯе дар Украина, тармиму таъмири роҳи оҳан дар миёни Тоҷикистону Узбекистон ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

САҲА дар Рашт се деҳаро рӯшан кард

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо мусоидати ҳукумати Норвегия се деҳаро дар минтақаи дурдасти водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон бо неруи барқ таъмин кардааст

Ozodi.org 

САҲА дар Рашт се деҳаро рӯшан кард. ВИДЕО

Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо бо мусоидати ҳукумати Норвегия се деҳаро дар минтақаи дурдасти водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон бо неруи барқ таъмин кардааст

Ozodi.org 

“Пул надорам, ки ба ресторан равам” ВИДЕО

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як суҳбати сарироҳӣ аз сокинони Душанбе пурсиданд, ки дар як моҳ чанд дафъа ба тарабхонаҳо сар мезананд. Бархе гуфтанд, ки вақту пули “ресторан”-равӣ надоранд, баъзеи дигар гуфтанд, дар як моҳ то чаҳор бор барои суҳбат бо дӯстон ба тарабхонаҳо мераванд.

Ozodi.org 

Вазири маориф: "Толстой нестам, аммо ба ҳайси як хориҷӣ русиро хуб медонам" САДО

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба даҳҳо интиқоди интернетӣ дар мавриди сатҳи русидонии ӯ вокуниш кард ва гуфт, "ҳамагуна талоши беобрӯ кардани як узви ҳукумат беобрӯ кардани ҳукумат аст".

Ozodi.org 

Навзодҳо дар Покистону Афғонистон ба хатари марг рӯ ба рӯ мешаванд

Кӯдаконе, ки дар кишваҳои фақир ба дунё меоянд, бо таҳдиди марг рӯ ба рӯ мешаванд ва Афғонистон, Покистон ва кишварҳои Африқо бо сатҳи баланди маргумири кӯдак дар сархати ин рӯйхат қарор доранд, - гуфт  ЮНИСЕФ- Идораи СММ дар умури кӯдакон рӯзи 20 феврал. Гузориш мегӯяд, бо вуҷуди пешрафти кӯмаки тиббӣ, 7 ҳазор навзод дар кишварҳои фақир ҳамарӯза мемиранд.  ЮНИСЕФ мегӯяд, шанси зинда мондани кӯдакҳое, ки дар Ҷопон, Ирлания ва Сингапур таваллуд мешаванд, 50 баробар бештар аз имкони кӯдакҳоест, ки дар кишварҳои фақир ба дунё меоянд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Сатҳи фасодкорӣ дар Қазоқистон ба Озарбойҷон ва Молдова баробар шуд

Қазоқистон соли 2017 дар Шохиси дарки фасод нуҳ зина боло рафт, хабар медиҳад созмони байналхалқии Transparency International. Дар байни 180 кишвар Қазоқистон мақоми 122-умро гирифт ва аз ҳамсояҳояш амсоли Қирғизистон - 135, Русия - 135, Ӯзбекистон - 157, Тоҷикистон - 161 ва Туркманистон - 167 пеш гузашт. Дар раддабандии соли 2016 Қазоқистон мақоми 131-ро касб карда, бо Эрон, Непал, Русия ва Украина дар як радиф қарор дошт. Бар асоси ин раддабандӣ Зеландияи Нав, Дания, Финландия, Норвегия ва Швейтсария дар панҷгонаи аввал шомил шудаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Сатҳи фасодкорӣ дар Қазоқистон ба Озарбойҷон баробар шуд

"Қазоқистон соли 2017 дар Шохиси дарки фасод нуҳ зина боло рафт", - хабар дод созмони Transparency International. Дар байни 180 кишвар Қазоқистон мақоми 122-юмро гирифт ва аз ҳамсояҳояш амсоли Қирғизистон - 135, Русия - 135, Узбакистон - 157, Тоҷикистон - 161 ва Туркманистон - 167 пеш гузашт. Дар раддабандии соли 2016 Қазоқистон мақоми 131-ро касб карда, бо Эрон, Непал, Русия ва Украина дар як радиф қарор дошт. Бар асоси ин раддабандӣ Зеландияи Нав, Дания, Финландия, Норвегия ва Швейтсария дар панҷгонаи аввал шомил шудаанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Русия аз бомбаборони пурқурбонӣ дар Сурия пуштибонӣ кард

Маскав аз бомбаборони ҳавопаймоҳои Сурия ва Русия дар канораҳои Димишқ, ки ба гуфтаи нозирони мустақил дар ду рӯз дастикам 250 сокини мулкиро кушта ба ҷой гузошт, пуштибонӣ кард. Рӯзи 20 феврал дар пасманзари нороҳатӣ ва нигаронии шадиди Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои Ғарбӣ аз ҳамлаи ахир, ки даҳҳо кӯдакро қурбон кард, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки ин ҳамла тавҷеҳ дорад. "Ҳеҷ монеа наметавонад ҷанг бо террооризмро маҳдуд кунад",- гуфт Лавров дар Маскав. Созмони Милали Муттаҳид... Читать дальше...

Ozodi.org 

HRW: Нуъмонҷон Шарипов дар Тоҷикистон бо шиканҷа рӯбарӯст

Созмони Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкӣ бо пахши баёнияе аз эҳтимоли шиканҷа шудани Нуъмонҷон Шарипов, узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар ватан хабар доданд. Ин ду созмон рӯзи 21-уми феврал гуфтанд, ки мақомоти Туркия Шариповро бидуни қарори додгоҳ ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд. Як рӯз пеш аз ин изҳорот, нафаре, ки худро Нуъмонҷон Шарипов муаррифӣ кард, бо Радиои Озодӣ дар тамос шуд ва гуфт, ихтиёрӣ ба ватан баргашта, дар озодӣ аст. Аммо созмони Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Борис Ҷонсон Брекзитро "девонахона" номид

Вазири корҳои хориҷии Британия Борис Ҷонсон Брекзитро "девонахона" номид. Дар ин бора нашрияи The Telegraph рӯзи 20 феврал бо такя ба манобеи Иттиҳоди Аврупо гузориш дод. Гуфта мешавад, ки Ҷонсон ин ҳарфро дар сӯҳбат бо мансабдорони Олмон гуфтааст.  Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои нашрия, манзури вазири корҳои хориҷии Британия раванди гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупо буд, на қарори британиягиҳо барои берун шудан аз Иттиҳод.  Тобистони соли 2016 сокинони Британия барои хориҷ шудани кишварашон аз Иттиҳоди Аврупо овоз доданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Бишкек мехоҳад рекорди Остонаро бо як тонна бешбармоқ бишканад

Қарор аст, ки рӯзи 5 март дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон,  дар Рӯзи "Ак калпак" ё кулоҳи қирғизӣ ва либоси миллӣ - як тонна бешбармоқ таҳия кунанд. Ба гуфтаи Элнура Кулуева, таъсисдиҳандаи ин чорабинӣ, ғизоҳои миллӣ дар майдони Ала-Тоо омода мешаванд. Таъсисдиҳандагон намояндагони Китоби рекордҳои Гиннесро ба чорабинӣ даъват кардаанд. "Мо онҳоро даъват кардем, ҳоло масъалаи омаданашон баррасӣ мешавад", - гуфт Кулуева. Ӯ афзуд, барои баргузории ин чорабинӣ одамони хайрхоҳ ва сокинон кумаки моддӣ мерасонанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Тахриби "девори Ислом Каримов" дар марзи Узбакистону Тоҷикистон

Охири ҳафтаи гузашта мақомоти Узбакистон девореро аз гузаргоҳи марзии "Саразм-Ҷартеппа" бардоштанд, ки вилояти Самарқанди ин кишварро бо вилояти Суғди Тоҷикистон мепайвандад. Дар маросими барчидани девор ҳайатҳои марзбонии Узбакистону Тоҷикистон иштирок доштанд. Девори мазкур, ки баландияш 3 ва дарозияш 10 метр буд ва тоҷикистониён онро "девори Ислом Каримов" меномиданд, соли 2010 бо ташаббуси ҷониби Узбакистон бунёд шуд. Ба иттилои мақомоти тоҷик, қарор аст, дар гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа" терминали нав... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *