Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як суҳбати сарироҳӣ аз сокинони Душанбе пурсиданд, ки дар як моҳ чанд дафъа ба тарабхонаҳо сар мезананд. Бархе гуфтанд, ки вақту пули “ресторан”-равӣ надоранд, баъзеи дигар гуфтанд, дар як моҳ то чаҳор бор барои суҳбат бо дӯстон ба тарабхонаҳо мераванд.