Добавить новость
World News in Tajik
Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Сентябрь
2018

Новости за 04.09.2018

Ozodi.org 

Эътирофи телевизионии Ҳусейн Абдусамадов дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ

Ҳусейн Абдусамадов, як сокини Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, барои нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизиони давлатӣ зоҳир шуд. Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон таҳия ва шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода шуд, Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки масъулияти раҳбарии  гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт. Абдусамадов дар ин барнома гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Тоҷикистон аз Ишқобод хост, ба ронандаҳо иҷозаи вуруд диҳад. ВИДЕО

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои ҳалли мушкили ронандагони бандмондаи тоҷик дар гузаргоҳҳои Эрону Туркманистон тавассути Вазорати умури хориҷии кишвар ба Ишқобод нома фиристодааст.​

Ozodi.org 

Порлумони Узбекистон талбандагиро ҷиноят эълон мекунад

Намояндагони мардумӣ дар порлумони Узбекистон тарҳеро ба баррасӣ пешниҳод карданд, ки талбандагиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад. Тарҳи қонун, ки онҳоро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кардааст, рӯзи 3-юми сентябр дар саҳифаи расмии маълумоти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд. Бар пояи тарҳи пешниҳодӣ, нафароне, ки ҳангоми талбандагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ошкор мешаванд, дар ростои се соли зиндон қарор мегиранд. Ин тарҳ барои онҳое, ки ба қочоқи инсон машғул буда, кӯдакон, пирон ва афроди маъюро ба гадоӣ дар кӯчаҳо ҷалб мекунанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бинобар "ташаннуҷ" бизнеси Русия омодааст аз саҳмияҳояш даст кашад

Бинобар бекифоятӣ ва хатар, 84 дар сади раҳбарони ширкатҳои Русия омодаанд аз саҳмияҳои худ даст кашанд. Чунин аст хулосаи таҳқиқоти ширкати мушовира ва аудити Ernst&Young, ки рӯзи 3-юми сентябр нашр шуд. Таҳқиқоти "Барометри эътимоди ширкатҳо" моҳи марти соли 2018 анҷом шуд. Дар он 2 ҳазор мудирони кулл аз 43 кишвари дунё, бо шумули 60 раҳбари ширкатҳои Русия, аз соҳаи нафту газ, фулузот, саноати маъдан ва дигар бахшҳо иштирок карданд. Бино ба назарпурсии Ernst&Young 51 дар сади онҳо... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шиму костюми дӯкони Абдушакур бесоҳиб монд. ВИДЕО

Шиму костюм, камзӯлҳои зебову хушранг дар дӯкони Мироҷони хайёт дар ҷои намоён овезон ҳастанд. Худи усто мегӯяд, ки 80 ҷуфт либоси писарона инак беш аз се ҳафта аст, ки бесоҳиб аст ва барои ӯ маълум нест, ки онҳо зиндаанд ё мурда.

Ozodi.org 

Исёни ҷисми урён алайҳи ҷомеаи мардсолори тоҷик. ВИДЕО

Тасвири духтари тоҷик бо тани нимурён – дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар... Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш мекашад.

Ozodi.org 

Тасвирҳои зани нимурёни тоҷик. Аввалин намоишгоҳ дар Душанбе

Тасвири духтари тоҷик бо тани нимаурён. Дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар... Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш кашидааст.

Ozodi.org 

Либоси фармоишӣ омода шуд, соҳибонаш бедараканд

Ходимони ширкатҳои либоси фармоишӣ дар Ғазнии Афғонистон мегӯянд, баъди бархӯрдҳои моҳи гузашта садҳо сокини ин шаҳр гумном буда, маълум нест, ки акнун пираҳану шалворҳои онҳоро кӣ мехарад?

Ozodi.org 

Бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Узбекистон

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Кунмини Чин, ки 4-уми сентябр баргузор шуд, аз тими ҷавонони Узбекистон (U-21) бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.

Ozodi.org 

Маҷористон решаҳояшро дар Осиёи Марказӣ пайдо кард

Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан қавл дод, ки равобити танготангро бо Қирғизистон ва дигар давлатҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ба роҳ мемонад. Орбан рӯзи 4 сентябр ҳамроҳ бо президент Ҷеенбеков ба хабарнигорон дар Бишкек гуфт, боиси ифтихор аст, ки ӯ ба ҳайси аввалин нахуствазири Маҷористон бо сафари расмӣ ба Қирғизистон омад. "Маҷористон маншаи худро ба ёд меорад. Аврпуо моро шарқитарин одамони ғарбӣ ҳисоб мекунад, вале ҳамзамон моро бегона медонад, зеро мо дар онҷо аҷдод надорем. Маҷористон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 4-уми сентябри соли 2018

Марде ки собиқ ҳамсарашро 13 корд зад, муҳокима мешавад, иди харбуза дар Душанбе,нишасти сарони кишварҳои туркзабон, соҳибони гумноми либосҳо дар Ғазнӣ, аввалин намоишгоҳи зани урёни тоҷик, зиндагии нобиное ки ба касе мӯҳтоҷ нест.

Ozodi.org 

"Оби набот"-у "гулобӣ": Дар Душанбе иди тарбузу харбуза барпо шуд. ВИДЕО

Ҳудуди 100 тонна тарбузу харбуза ва дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ дар иди сайри харбуза дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Тарбузу харбузаи намоишгоҳ маҳсули кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ буд.

Ozodi.org 

Иди харбуза дар Тоҷикистон

Ҳудуди 100 тонна тарбузу харбуза ва дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ дар иди сайри харбуза дар бозори "Меҳргон"-и Душанбе ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Тарбузу харбузаи намоишгоҳ маҳсули кишоварзони вилояти Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ буд.

Ozodi.org 

Дабири кулли СММ аз Тоҷикистон хост, озори ҷинсиро аз байн барад

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар як паёме аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки дар баробари озори ҷинсӣ нисбат ба занону духтарон “сиёсати таҳаммулнопазирӣ”-ро пеша кунад.

Ozodi.org 

Мақомот: "Тоҷикистон озори ҷинсии занонро нодида намегирад"

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар як паёме аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки дар баробари озори ҷинсӣ нисбат ба занону духтарон “сиёсати таҳаммулнопазирӣ”-ро пеша кунад.

Ozodi.org 

Муллоҳои тоҷик дасти шикастаи Ленинро таъмир карданд

Имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъ дар ноҳияи Шаҳритус дар иқдоми камсобиқае як дасти шикастаи ҳайкали Владимир Ленин, пешвои коммунистҳоро таъмир карда, пайкараи дар зери барфу борон ва таъсири офтоб тирашудаашро рангу бор намуданд.

Ozodi.org 

Дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо варзишгарони қазоқ пешсафанд

Дастаи мунтахаби Қазоқистон дар ду рӯзи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо дар Қирғизистон бо 19 медал - 7 тило, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ феълан, дар ҷойи аввал қарор дорад. Мунтахаби кишвари мизбон - Қирғизистон бо 5 медали тилову 5 нуқра ва 7 биринҷӣ мақоми дувумро касб кардааст. Варзишгарони Туркманистон бо 12 медал - 5 тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ мақоми севумро соҳибанд. Дастаи Русия бо 7 медал (се тило) дар мақоми чаҳорум ва варзишкорони ӯзбек бо 12 медал (ду тило) дар мақоми панҷум қарор доранд. III-умин... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сенатори Ҷумҳурихоҳ Трампро барои сиёсӣ кардани тафтишот танқид кард

Сентатори амрикоӣ ва узви ҳизби Ҷумҳурихоҳ Бен Сасс президент Доналд Трампро ба кушиши сиёсӣ кардани фаъолияти ниҳодҳои тафтишотӣ муттаҳам кард. Рӯзи душанбе Трамп бо нашри як пайғом дар твиттер додситони кулл Ҷефф Сешнсро танқид кард ва гуфт, сарфи назар аз интихоботи зудраси Конгресс, ӯ ду узви ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз Палатаи намояндагонро ба додгоҳ супурд. "Сешнс кореро ба анҷом расонд, ки ҳанӯз маъмурияти Обама сар карда буд ва бо ин, ин ду ҷойро дар палатаи поёнӣ зери шубҳа бурд",- гуфт Трамп. Читать дальше...

Ozodi.org 

Нурӯҳои Афғонистон ноҳияеро дар шимол аз Толибон бозпас гирифтанд

Нерӯҳои амниятии Афғонистон як ноҳияи калидӣ дар вилояти шимолии Бағлонро аз Толибон бозпас гирифтанд. Дар ин бора волии вилоят хабар дод. Амалиёти гирифтани Наҳрин субҳи 4-уми сентябр дар ҳоле ба анҷом расид, ки Толибон бо хисороти ҷонии зиёд шабона аз ин ноҳияи ақиб нишастанд,- гуфт волии Бағлон Абдулло Неъматӣ. Неъматӣ гуфт, дар амалиёте, ки субҳи 3 сентябр оғоз шуд дастикам 6 ҷангии Толибон кушта ва 14 нафар захмӣ шуд. Неъматӣ дар бораи хисороти ҷонии нерӯҳои давлатӣ маълумот надод. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бағлон мегӯяд... Читать дальше...




Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media






Топ новостей на этот час

Rss.plus





СМИ24.net — правдивые новости, непрерывно 24/7 на русском языке с ежеминутным обновлением *